РӮНАМОИИ КИТОБИ НАВ БО НОМИ «ПЕШВОИ САНГАРШИКАНИ МИЛЛАТСОЗ»

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ китоби бо номи  «Пешвои сангаршикани миллатсоз»  рӯнамоӣ гардид.

Дар ҷараёни рӯнамоии китоби мазкур, ки муаллифи он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодири Қосим мебошад, гуфта шуд, ки дастоварди  пурарзиш дар даврони истиқлолияти мамлакат, ки миллати тоҷикро аз ҷудоиву парокандагӣ наҷот бахшид, бешубҳа, расидан ба сулҳу субот, ваҳдати  миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа мебошад, ки он бо фаъолияти шабонарӯзӣ ва густурдаи Пешвои миллат пайвасти ногусастанӣ дорад.

Дар китоби «Пешвои сангаршикани миллатсоз» низ  сиёсатмадор ва ходими намоёни давлатӣ – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодири Қосим  корнамоиҳои азими Сарвари давлат давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакатро рӯйи чоп овардааст.

Китоби мазкур бо назардошти рӯнамоии ҳаводису рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва рушду инкишофи Тоҷикистон асари рӯимизӣ барои наслҳои имрӯзу оянда унвон карда шуд.

А. Ҳасанов