ДАР МТМУ №23 БАХШИДА БА  РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ҶОРАБИНИИ ИДОНА ДОИР ШУД

Ҷиҳати истиқболи шоиста ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат чорабиниҳои сиёсӣ ва маърифатию фарҳангӣ ҷараён дорад. Чунин як чорабинии бошукӯҳ дар МТМУ №23-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташкилу баргузор шуд. 

Дар қисмати  тантанавии чорабинӣ атрофи саҳми Президенти мамлакат дар барқарорсозии сулҳу субот сухан рафта, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзанда ва хизматҳои ин фарзонафарзанди миллат бузург арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки таҷлил ва баргузории Рӯзи Президент дар муассисаҳои таълимӣ ва дар ин рӯз ёдовар шадан аз хизматҳои бузургу намоёни Пешвои миллат барои хонадагон як мактаби бузург хоҳад буд, чун насли наварс ба ин васила аз мактаби давлватдорӣ ва фаъолияту корномаи давлатсозии  Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон огоҳ мегарданд.

А. Ҳасанов