Бахшида ба 30 солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» ва оператори сайёҳии «EASYBOOKING» дар якҷоягӣ хатсайрҳои мустақими Душанбе – Давҳа, Қатарро ба роҳ монданд.
Дар маросими муаррифии хатсайи мазкур, ки дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”- и шаҳри Душанбе доир шуд, гуфта шуд, ки хатсайрҳои мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд ва парвози аввалин санаи 28-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст.
Давомнокии парвоз дар хатсайри Душанбе – Давҳа 3 соату 50 дақиқа, аз Давҳа самти Душанбе 3 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки ин қадами наве дар рушди алоқаи ҳавоӣ ва сайёҳати байналмилалӣ барои гардидшарони ҳарду ҷониб хоҳад буд ва аз ин пас сайёҳони қатарӣ имкон доранд аз Қатар ба Тоҷикистони офтобӣ ташриф биёранд ва аз имконияту зарфиатҳои сайёҳии мамлакат ошно гарданд.
Ҳамчунин, ҳамватанони мо низ метавонанд ба Давлати Қатар сафар кунанд.
Қобили зикр аст, ки «EASYBOOKING» ва «Somon Air» то ин дам хатсайрҳои мустақимро ба Гурҷистон муваффақона ба роҳ монданд, ки ба шарофати он сайёҳони тоҷик ба Гурҷистон сафар карда, аз ин кишвари рушдкардаи соҳаи сайёҳӣ дидан карданд.
А. Ҳасанов