Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои китоби “Пешвои миллат ва рушди осорхонаҳо дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ҷараёни рӯнамоӣ гуфта шуд, ки китоби “Пешвои миллат ва рушди осорхонаҳо дар Тоҷикистон” бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардидааст, ки он фарогири мақолаҳои илмӣ-маърифатии мутахассисони соҳаи осорхонашиносӣ ва роҳбарону кормандони осорхонаҳои кишвар мебошад.
Ҳамзамон, дар идома аз ҷониби баромадкунандагон доир ба нақши арзанда ва бузурги Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои мухталиф аз ҷумла осорхонаҳо ибрози андеша карда шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон ва муаллифони мақолаҳо китоби тозанашри “Пешвои миллат ва рушди осорхонаҳо дар Тоҷикистон” тақдим гардид.
А. Ҳасанов