РӮЗИ СЕЮМИ БАРГУЗОРИИ ХАТСАЙРИ САЙЁҲИИ ШИНОСОӢ АЗ  ТАЪРИХИ ФАЪОЛИЯТ ВА КОРНОМАИ ДАВЛАТСОЗИИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Чун рӯзҳои қаблӣ хатсайри сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз баҳамоӣ аз назди майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт оғоз гардид ва тавассути автобусҳои дуошёна роҳ пеш гирифта шуд, ҷониби Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 

Дар асоси нақшаи муайянгардида, иштирокчиёни хатсайри рӯзи сеюмро ҳайати кормандони сохтории маорифи чаҳор ноҳияи пойтахт ташкил медод.

Ҳайати хатсайри сайёҳӣ  дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   аз осорхонаи Пешвои миллат ва Маҷмааи варзишӣ дидан карданд. 

Пас аз тамошо ва шиносоӣ бо Осорхонаи Певшои миллат ва Маҷмааи варзишӣ дар шаҳраки дошниҷуён ҳайати  маорифчиён ба сӯйи  “Кохи Наврӯз” роҳ пеш гирифтанд.

Дар ин макон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд, ки дар ҷараёни он муовини Раиси шаҳри Душанбе, иштирок ва суханронӣ карда, ҳадаф аз ташкили хатсайрҳоро сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замири сокинони пойтахт тарбия намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арҷгузории хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуд. Дар фарҷоми ҳамоиш барои иштирокчиёни хатсайр филми мустанади  «Марде аз сарнавишт»  намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки хатсайри сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то санаи 15 –уми моҳи ҷорӣ идома ёфта, рӯзҳои баъдӣ иштироки намояндагони дигар сохтору идораҳои МИҲД-и шаҳри Душанбе дар назар назар аст.

А. Ҳасанов