Муаррифии ҳунару санъати миллии тоҷикӣ дар Фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид мекунад”

Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» оғоз ёфт. Дар ин фестивал ансамлбҳои рақсии панҷ давлати ҷаҳон: Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдова иштирок доранд.

Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» тибқи нақшаи барномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии бештари санъату ҳунари миллӣ  роҳандозӣ гардида, дар фестивали мазкур аз  Тоҷикистон дастаҳои рақсии шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рақсҳои миллии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Маросими ҷамъбастии фестивал имрӯз, 13 ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  доир мегард.

А. Ҳасанов