СУҒД: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛИ “ОШИ ПАЛОВ”

Даври вилоятии фестивали ҷумҳуриявии «Оши палов» бо иштироки ошпазҳо – ғолибону иштирокдорони фаъоли даври шаҳрию ноҳиявӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Фестивали «Оши палов»  бо мақсади тарғиби фарҳанги миллии рӯзғордорӣ, муаррифии таомҳои миллӣ, такмили усулу анъанаи пухтани оши палов, тарғиби ин таоми миллии таърихии тоҷикон, ҷалби бештари аҳолӣ ба ошпазӣ ва баланд бардоштани маҳорати пазандагӣ гузаронида шуд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти фестивал, ғолибон   аз  ҷониби ҳайати ҳакамон  муайян шуда, беҳтарин ошпазон – намояндагони 6  шаҳру ноҳияҳои вилоят – Хуҷанд, Исфара, Ҷаббор Расулов, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ тибқи низомномаи фестивал бо сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ ба андозаи аз 500 то 2000 сомонӣ  қадрдонӣ  шуданд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар Фестивали “Оши палов” ба намояндагони ноҳияҳои Кӯхистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Спитамен сипоснома ва туҳфахои МИҲД-и вилояти Суғд тақдим гардид.

А. Ҳасанов