Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайри сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва роҳандозӣ гардид, ки иштирокдорон тавонистанд дар асоси барномаи хатсайри мазкур бо фаъолияти давлатсозии ин фарзонафарзанди миллат шинос гарданд.
Дар хатсайри навбатӣ тибқи барнома ҳайати кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва сохторҳои зертобеи МИҲД-и шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Тибқи барномаи хатсайри сайёҳӣ нахуст, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирокдорон аз осорхонаи Пешвои миллат дидан карданд.
Дар ҳамин ҷо иштирокдорони хатсайр бо экспонатҳои осорхона, ки овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегиранд – нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони Донишгоҳ ва ғайраҳо, ки дар толорҳои мунаққашу зебо нигоҳдорӣ мешаванд, аз наздик шинос гардиданд.
Ҳамзамон, дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирокдорони хатсайр бо фаъолият ва шароиту имконоти Маҷмааи варзишӣ шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмаа бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, 31-уми августи соли 2023 бо иштироки бевоситаи пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир мебошад.
Ҳамин тавр пас аз тамошо ва шиносоӣ бо Осорхонаи Певшои миллат ва Маҷмааи варзишӣ дар шаҳраки дошниҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тибқи барнома ҳаракт ҷониби “Кохи Наврӯз” ҷараён гирифт.
Дар доираи хатсайри мазкур дар кинотеатри “Кохи Наврӯз” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд, ки дар ҷараёни он муовини Раиси шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар донишмандону намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни суханрониҳо мақсади асосии ташкили хатсайрҳо сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замири сокинони пойтахт тарбия намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арҷгузории хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, дар идома нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории навин бузург арзёбӣ шуда, дар қисмати ҷамбастӣ филми мустанади «Марде аз сарнавишт» пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки филми «Марде аз сарнавишт» бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардида, дар филми мазкур коршиносону сиёсатмадорони барҷаста, ходимони намоёни давлатӣ ва бевосита худи Президенти мамлакат оид ба нақши Пешвои миллат дар бартараф намудани оқибатҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо то нафари охирин, соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ташаббусҳои ин марди наҷиб дар арсаи байналмилалӣ, обрӯю нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон ибрози андеша менамоянд.
А. Ҳасанов