ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-АСОСГУЗОРИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллии мо бо истифода аз таҷрибаю дастовардҳои муосир пайваста тақвият меёбад

Артиши миллии Тоҷикистони ҷавон, ки бешубҳа, аз рукнҳои асосӣ ва сипари боэътимоди дастовардҳои истиқлоли давлатӣ мебошад, бо назардошти анъанаҳои шуҳратманди ниёгон ва бо истифода аз таҷрибаю дастовардҳои муосир таъсис ёфта, пайваста тақвият меёбад.

Тоҷикистони навин аз нигоҳи таърихи давлатдорию лашкардорӣ басе ҷавон аст, вале ба бахти баланди тоҷикон то ба имрӯз дар ин шоҳроҳ мероси бебаҳои омӯхтанӣ аз ниёгони шӯҳратманди мо расидааст, ки барои наслҳои имрӯзу фардо хизмат мекунад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба навъҳои гуногун гурӯҳбандӣ шуда, бо вуҷуди вазифаҳои хос ва фарқкунандаи худ дар ҳамоҳангии комил ва таҳти роҳбарии мутамаркази Сафармондеҳи Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо комёбӣ фаъолият доранд.

Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ва қӯшунҳои зудамал дохил мешаванд.

Қӯшунҳои хушкигард. Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои хушкигард, ки қисми таркибӣ ва аз ҳама сершумортарини Қувваҳои Мусаллаҳ аст, пуррагардонии ҳайати шахсии он бо мутахассисони сатҳу зинаҳои гуногун ва беҳтарсозии таъминоти моддию техникиаш давра ба давра сурат мегирифт, зеро ҷумҳурии мо дар замони Шӯравӣ барои бунёд ва инкишоф додани артиш ҳеҷ гуна замина надошт. Ягона дивизияи савораи тирандози Артиши Шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон қарор дошт, бо сабабҳои маълуми солҳои аввали истиқлоли давлатии мамлакат дар ихтиёри Федератсияи Русия боқӣ монд. Бинобар ин, ташкили ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо соли 1997 анҷом ёфт, ҳарчанд аксари қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард ҳанӯз соли 1993 ташкил ёфта, дар тобеияти бевоситаи Вазорати мудофиа ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат амал менамуданд. Ба тадриҷ тамоми неруҳои алоқаманд ба фаъолияти ин навъи қӯшун, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томҳои пиёданизом, савораи тирандоз ва танкиву артиллерӣ ба ҳайати Қӯшунҳои хушкигард шомил карда шуд.

Соли 1997 Раёсати Қӯшунҳои хушкигард таъсис ёфт ва нахустин фармондеҳи ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ таъйин карда шуд, ҳарчанд қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Қӯшунҳои хушкигард ҳанӯз 23 июни соли 1993 содир шуда буд.

Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 1993 Маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигард таъсис дода шуд, ки дар ҳоли нарасидани кадрҳои низомӣ тадбири хеле пурарзиш буд. Мутахассисони хурди низомие, ки аз ҳисоби сарбозон дар ин маркази таълимӣ омода карда мешуданд, дар ташкил ва таҳкиму тақвияти ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ нақши муҳим бозидаанд.

Шумораи зиёди ҷавононе, ки дар курсҳои кӯтоҳмуддати ин марказ таҳсил намуда буданд, минбаъд ба Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон) ва муассисаҳои олии ҳарбии Федератсияи Русия шомил шуда, ҳаёти худро пурра бо хизмати ҳарбӣ пайвастанд.

Ҷузъу томҳои алоҳидаи Қӯшунҳои хушкигарди мамлакат дар амалиёти ҷангии солҳои аввали Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои барқарор намудани сохти конститутсионии ҷумҳурӣ ва таҳкиму тақвият бахшидани он саҳми назаррас гузоштаанд.

Баъди ба имзо расидани созишномаи умумии сулҳ ва муҳайё гаштани шароити таълиму тарбияи нақшавии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ низ маҳз қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард дар якҷоягӣ бо низомиёни Русия нахустин машқҳои низомиро доир намуда, ба баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ дар вазъияти осоишта шурӯъ намуданд.

Соли 1999 ҷузъу томҳои Қӯшунҳои хушкигард дар машқҳои низомии “Сипари ҷанубии Иттиҳод -1999”, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳудуди се давлат – Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон гузаронда шуд, иштирок намуда, аз ҷумла барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта бо нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан масофаи 1,5 ҳазор километрро тай намуданд ва ба баҳои баланд сазовор гаштанд.

Аз он вақт ба баъд Қӯшунҳои хушкигард дар тамоми машқҳои низомии дохили мамлакат ва ҳам дар машқҳои муштарак бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуда, пайваста маҳорати касбӣ ва омодагии ҷангии худро такмил медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаҳои зиёд ба    қисмҳои  алоҳидаи ҳарбии  Қӯшунҳои хушкигарди мамлакат  ташриф оварда, бо ҷараёни хизмат ва шароити зисти аскарону афсарони он шинос шуданд.

13 июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, ба пойгоҳи қисми низомии  Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шифохонаи ҳарбии гарнизони Хатлон ташриф оварданд.

Шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон, ки номи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад, моҳи октябри соли 2014 ба фаъолият оғоз намуда, бо маблағгузории Ҷумҳурии Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта, бо таҷҳизоти муосири муоинавию муолиҷавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Шифохона дорои 50 кати хоб буда, дар он муддати 2 сол 73 нафар мутахассисони баландихтисоси Ҳиндустон кор мекарданд. Ҳамзамон мутахассисони ҳиндӣ ба ҳамкасбони тоҷики худ истифодаи таҷҳизоти навтарини насбшударо меомӯзонданд [1].

19 августи соли 2020 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.

Дар ҷараёни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозони қисми низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз аҳвол, шароиту имконияти хизматии аскарӣ пурсон шуданд. 


Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ аз рӯйи тартиби замонӣ нахустин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор мераванд, зеро соли 1993 таъсис ёфта, ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошанд.

Чархболҳои низомии он дар амалиёти ҷангӣ, расондани борҳои гуногун ва интиқоли захмиён аз набардгоҳҳо нақши муҳим бозидаанд.

Дар шароити ҷуғрофии Тоҷикистон, ки 93 дарсади онро кӯҳсор ташкил медиҳад, ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ нақши бағоят муҳим дорад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмилу тақвият додан, беҳтарсозии таъминоти техникӣ ва омӯзиши ҳайати мутахассисони он аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Даҳҳо нафар кадрҳои баландихтисоси ҳайати ҳавонавардӣ ва таъминоти техникии Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Тоҷикистон бо шароити имтиёзнок дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия, дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Ҳиндустон омода карда шудаанд.

Имрӯз дар Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон низ факултаи ҳавонавардӣ амал мекунад, ки омӯзгорони он дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагии зич бо ҷузъу томҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ба таълими кадрҳои маҳаллӣ машғул мебошанд. Донишҷӯёни ин факулта имкон доранд ихтисосҳои ҳавонавардиро дар навъҳои гуногуни чархбол ва ҳавопаймоҳои ҷангию нақлиётӣ омӯзанд.

Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ соли 1994 ташкил ёфта, то соли 2005 чун навъи мустақили Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат амал мекард.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз неруҳои мудофиаи зиддиҳавоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият мекарданд, ба ҷуз техникаю таҷҳизоти вайрону валангор барои ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чизе боқӣ намонда буд.

Дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамгироиҳои ҳарбию техникии шабакаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ, пеш аз ҳама, аз ҷониби Федератсияи Русия барои барқарор намудани воситаҳои техникӣ ва нишонгирии неруҳои зиддиҳавоии Тоҷикистон аз солҳои 1999 ва 2000 кумакҳои амалӣ расонида шуданд. Дарвоқеъ, ба омодагии муштараки қӯшунҳои зиддиҳавоӣ солҳои охир дар ҳамаи кишварҳои ИДМ диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад, чунки мусаллам аст, ки ҳеҷ кишвари олам амнияти пурраи худро ба танҳоӣ, бахусус, дар замони пешрафту тараққиёти имрӯзаи илму техника ва технологияҳои ҳарбӣ таъмин карда наметавонад.

Ҷузъу томҳои қӯшунҳои зиддиҳавоии Тоҷикистон баъд аз барқарор сохтани имконияти ҷангии худ бори аввал дар машқҳои муштараки шабакаи муттаҳидаи ИДМ моҳи августи соли 2000 дар вилояти Астрахани Федератсияи Русия иштирок намуданд. Дар машқҳои муштарак воҳидҳои ҷангии зиддиҳавоии Тоҷикистон маҳорати баланд нишон дода, ҳамаи ҳадафҳои ҳавоии худро зада афтонданд.

Соли 2001 ва минбаъд ҳам ҷузъу томҳои неруҳои зиддиҳавоии Тоҷикистон дар ҳамин гуна машқҳои низомӣ дар Федератсия Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон маҳорати баланди касбӣ нишон дода, сазовори баҳои аъло гардиданд.

Аз соли 2000 баъди гузаштан аз имтиҳони ҷиддии касбӣ неруҳои зиддиҳавоии Тоҷикистон дар доираи системаи муттаҳидаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои назорату муҳофизати фазои Тоҷикистон ва сарҳади ҷанубии Иттиҳод ба навбатдории муштараки ҷангӣ оғоз намуданд.

Дар доираи ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои муштарак соли 2005 Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид гардонида шуда, ба як навъи қӯшун табдил дода шуданд. Дар айни замон ҳавопаймову чархболҳои ҷангию нақлиётии Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва воситаҳои муосири мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ бо омодагии баланди ҷангӣ фазои Тоҷикистон ва марзҳои ҳавоии онро назорат ва муҳофизат мекунанд.

3 сентябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фурудгоҳи низомии Вазорати мудофиа дар шаҳраки Айнӣ, ки дар ҳамкорӣ ва кумаки техникӣ ва маблағгузории Ҷумҳурии Ҳиндустон навсозӣ ва таҷҳизу такмил шуда буд, аз нав мавриди истифода қарор дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст роҳбарият ва ҳайати шахсии Қувваҳои ҳарбии ҳавоии мамлакатро бо солгарди 19-уми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи фурудгоҳи низомӣ баъди такмилу навсозӣ табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки навсозии комили фурудгоҳи низомии Айнӣ рӯйдоди басо муҳим дар таърихи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон аст.

Зимни шиносоӣ бо имконоти фурудгоҳ, аз ҷумла зикр гардид, ки ин иншооти муҳими низомӣ тайи чанд сол бо харҷи 70 миллион доллари амрикоӣ навсозӣ ва бо техникаю таҷҳизот ва шароити муосири ҳавонавардию навигатсионӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Фурудгоҳи низомии Айнӣ имрӯз ба бузургтарин ва муҷаҳҳазтарин фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, зеро дарозии хатти парвозу нишасти тайёраҳо баробар ба 3200 метр буда, тавре устувору мустаҳкам карда шудааст, ки метавонад тамоми намуди ҳавопаймоҳоро қабул намояд.

Фурудгоҳи мазкур имрӯз дорои маркази навигатсия ва идораи парвозҳо бо техникаю таҷҳизоти муосир буда, фаъолияти он бо сохторҳои дахлдори дигар фурудгоҳҳо ва марказҳои навигатсионии мамлакат ҳамоҳанг карда шудааст.

Дар фурудгоҳ ҳамчунин бинои муҷаҳҳази таълимӣ бунёд ёфтааст, ки дар он афсарону сарбозон ва дигар мутахассисони қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ метавонанд пайваста донишу маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд. Дар ин ҷо ҳавонавардони ҷавон чун дар муассисаҳои олии таълимии ҳавонавардӣ ҳатто имкон доранд, ки қабл аз парвоз бо ҳавопаймои воқеӣ маҳорати касбии худро дар утоқи махсус бо амсилаи компютерии ҳавопаймо мавриди санҷиш ва такмил қарор диҳанд[2].

13 июли соли 2015 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Норендра Моди аз фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ якҷоя дидан намуда, аз ин самараи пурарзиши ҳамкории ду давлати дӯст ва шароити дар ин ҷо муҳайёгардида изҳори қаноатмандӣ карданд.

Соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо назардошти таҳдиду хатарҳои афзояндаи замони муосир қарор қабул намуданд, ки дар асоси дуҷониба имконоти неруҳои зиддиҳавоии худро муттаҳид сохта, барои назорат ва дифоъ аз фазои Тоҷикистон ва марзи ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил навбатдории якҷояи ҳарбӣ ба роҳ монанд.

Қӯшунҳои зудамал. Қӯшунҳои зудамал ҷавонтарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат буда,  моҳи сентябри соли 2003 дар доираи навсозӣ ва бидуни зиёд намудани шумораи умумии Артиши миллӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати Қӯшунҳои зудамал қисмҳои низомии таъйиноти махсус, ҳамлавари десантию зарбавӣ, тирандозии кӯҳӣ, якчанд ҷузъу томҳои фаврӣ ва баталиони сулҳовар шомил мебошанд.

Ҳоло ҷузъу томҳои як бригадаи десантию зарбавии Қӯшунҳои зудамал ба ҳайати Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва се баталиони он ба неруҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

Заминаи муҳими таъсиси ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ соли 1997 фароҳам омада буд, зеро маҳз ҳамон сол ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ворид шудани нахустин хатмкунандагони омӯзишгоҳи олии десантии Федератсияи Русия, ки соли 1993 аз Тоҷикистон фиристода шуда буданд, ворид шуданд ва аввалин баталиони десантию зарбавӣ таъсис дода шуд.

Ин баталион ба зудӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолона ворид шуда, натиҷаҳои намоён нишон дод. 2 августи соли 1998 солгарди аввали ташкили он бо нахустин машқҳои ҳарбии десантӣ ҷашн гирифта шуд. Соли 1999 дар заминаи нахустбаталиони десантӣ, бригадаи десантию зарбавӣ ташкил дода шуд, аз ҳамон вақт ҷузъу томҳои он дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд. Қисмҳои десантии Вазорати мудофиа, аз ҷумлаи қувваҳои эҳтиётии Сарфармондеҳии Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти мамлакат ба шумор рафта, аз ҷиҳати омодагии ҷангӣ дар байни дигар қисмҳои низомӣ пешсафанд ва вазифаҳои пурмасъулиятро бар уҳда доранд.

Қӯшунҳои зудамал имрӯз ба неруи тавоною дорои омодагии баланди ҷангӣ  дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ табдил ёфтааст.

Қӯшунҳои зудамал бо дарки вазифаҳои муҳимми худ мутобиқ ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм бо назардошти шароити кӯҳсори Тоҷикистон, ки омодагии махсус талаб мекунад, тибқи нақшаю барномаҳои таълимии зарурӣ маҳорату малакаи касбии худро такмил медиҳанд.

Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои зудамал дар даҳҳо машқҳои низомии дохили мамлакат ва ҳамчунин дар Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Чин ва ҳатто дар машғулияти махсуси низомӣ дар Фаронсаю Амрико ширкат варзидаанд, ки боиси сайқал додани донишу маҳорат ва малакаи касбии онҳо гардидааст.

Созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо шароити хуби ҳозиразамони хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ доимо дар мадди назари Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина пайваста корҳои судманду назаррас амалӣ карда мешаванд[3].

21 сентябри соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва сарбозхонаро ифтитоҳ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дохил ва ҳудуди қисми низомӣ ва бинову иншооти навбунёд дидан карда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд[4].

Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчунин дорои воҳидҳои низомиест, ки бевосита тобеи дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва ё Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошанд. Аз ҷумла, полки таъминотӣ ва идоракунӣ, полки муҳандисию сапёрӣ, баталиони сохтмонӣ, шифохонаҳои ҳарбӣ, қисмҳои низомии таъминотӣ, Литсей ва Донишкадаи ҳарбӣ, кафедраҳои ҳарбии назди донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар идораҳои низомӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ фаъолият намуда, вобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъйинот ва хусусияти таъсисашон уҳдадориҳои махсуси ҷангиро иҷро мекунанд.

Қисми низомии  таъйиноти махсус аз ҷумлаи онҳост, ки 4 июни соли 2016 бо  иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуда буд.

Зимни ворид гардидан ба қисми низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа тибқи қоидаҳои низомиён истиқбол гирифт.

Он рӯз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат  ба ҳайати шахсии ин қисми низомӣ Сипоснома ва Байрақи ҷангӣ тақдим намуданд.

Ҳайати шахсии қисми низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганди садоқат ёд карданд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии қисми низомӣ суханронӣ намуда, онҳоро ба хидмати содиқона ба Ватан ҳидоят намуданд.

Пас аз суханрониҳо таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид[5].

Маҷмааи Кохи афсарон низ иншооти муҳташами тобеи Вазорати мудофиа мебошад, ки 5 майи соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт.

Бино аз панҷ ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он толори васеи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, утоқҳои масҳи бадан ва дигар нуқтаҳои фароғатӣ ҷойгиранд.

Дар ошёнаи якуми бинои Кохи афсарон ошхонаи кушоду барҳавои муосир, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, мағозаи тиҷоратӣ, нуқтаи назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва барои табобату расонидани ёрии аввалини тиббӣ як нуқтаи махсус бо тамоми шароит мавҷуд аст.

Барои истироҳату фароғати афсарон ва меҳмонон ошхона ва меҳмонхонаи чинӣ бо 20 ҳуҷраи истиқоматӣ барои 40 нафар меҳмон дар ошёнаҳои дуюму сеюм, маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаҳои гуногун, китобхонаҳои электронӣ ва утоқҳои алоҳидаи китобхонӣ мавҷуд аст.

Дар ошёнаҳои чоруму панҷуми бинои Кохи афсарон маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, толор барои гузаронидани конфронсҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ сохта шудааст. Дар маҷмӯъ дар баробари дигар марказҳои хизматрасонию истироҳатӣ, инчунин дар ин бино 68 ҳуҷраи истиқоматӣ бо шароити зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Барои хизматрасонии сатҳи баланд дар Кохи афсарон 70 нафар бонувон ва мардони соҳибмаълумоту бомаҳорат ва донандагони забонҳои хориҷӣ бо кори доимӣ таъмин гаштаанд.

21 феврали соли 2018 дар арафаи таҷлили 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ — Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳама гуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

Комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷумлаи ташкилоти тобеи бевоситаи мақомоти марказии Кувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба шумор мераванд, ки қисми зиёди онҳо низ дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби биноҳои нав гардидаанд ва ё биноҳояшон мавриди навсозии комил қарор гирифтааст[6].

Чанде аз биноҳои нави комиссариатҳои ҳарбӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтаанд.

Давоми 30 соли истиқлоли давлатӣ дар маҷмӯъ 26 бинои комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бунёд карда шудаанд ва дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ сохтмони комиссариатҳои ҳарбӣ идома дорад.

Хизматҳои шоёни таҳсини  хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ пайваста аз ҷониби Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ мегарданд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар сафи Артиши миллӣ танҳо аз Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи он, дар маҷмӯъ, зиёда аз 800 нафар бо мукофоти давлатӣ, аз ҷумла 220 нафар бо орден, 441 нафар бо медал, 71 нафар бо ифтихорнома, 9 нафар бо унвони фахрӣ ва 74 нафар бо рутбаҳои баланди ҳарбии генерал сарфароз гардонида шудаанд.

Артиши миллии мамлакат дар муддати хеле кӯтоҳ ба неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, имрӯз қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя намояд.

Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, чунонки Сипаҳсолори волои мо пайваста мефармоянд, имрӯз бо назардошти анъанаҳои шуҳратманди ниёгонамон дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои волои миллӣ бунёду тақвият ёфта, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон омодагии боэътимод касб намудааст ва вазифаҳои пуршарафи худро бо садоқат ба савганди низомӣ ва савганди тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адо мекунанд.

8 сентябри соли 2016 тантанаи идонаи ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла расми гузашти низомӣ дар майдони Дӯстии пойтахт оғоз гардид.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ расми гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид, ки нахуст ба майдон тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ворид шуданд.

Ба ҳамин тартиб бо қадамҳои мутантан аз маркази майдони Дӯстӣ собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ, занону бонувони Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ, воҳидҳои таъйиноти махсус, Вазорати адлия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоту агентиҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ, баталионҳои тобеи Ситоди генералӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамал ва ротаи кинологҳо бо сагҳо ва аспҳои хизматӣ расми гузашти низомӣ доир намуданд, ки шумораи умумии онҳо беш аз 16 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ҷузъу томҳои ротаи Қаровули фахрии полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералӣ ҳангоми иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомӣ бо саф ва силоҳи худ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ангораи 25-соли истиқлолиятро таҷассум намуданд[7].

21 феврали соли 2020 дар қароргоҳи Гвардияи миллӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлили 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва расми гузашти низомии ҳашт ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо маҷмӯи мухталифи техникаи гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ шинос шуданд.

Баъди анҷоми суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расми гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе оғоз гардид.

Дар чорабинӣ тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, афсарони хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантони муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъйиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, занону бонувони артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар сохторҳои қудратӣ бо расми гузашти низомӣ аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштанд, ки шумораи иштирокдорони онҳо беш аз 7 ҳазор нафар буд.

Ҷузъу томҳои ротаи Қаровули фахрӣ ҳангоми иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомӣ бо сафкашӣ ва силоҳи худ 27 солро таҷассум намуданд, ки он ишора ба 27-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни баргузории ин чорабинии ҷашнӣ дар маркази майдони ин пойгоҳи ҳарбӣ аз ҷониби 150 навозандаи оркестри ҳарбии муттаҳида таҳти навои созҳои нафасӣ бо маҳорати баланд платс — консерт намоиш дода шуд[8].

23 феврали соли 2021 дар Кохи Борбад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсус, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин раванд вобаста ба рушди иқтисодиёт идома меёбад[9].

23 феврали соли 2022 дар Кохи Ваҳдат Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.


Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба таърихи 29 соли дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтани он андешаронӣ карданд. 

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА

[1] Ҳамон ҷо, — С. 156

[2] Шарифзода А., Қосимӣ З. Эмомалӣ Раҳмон ва соли маориф ва фарҳанги техникӣ. (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2010). Китоби 10. Нашри дуюм. – Душанбе: «Ирфон», 2011. – С. 263

[3] Боздид аз Қисми низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ноҳияи Дарвоз (28.09.2016) // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/13211

[4] Ифтитоҳи бинои дуошёнаи Ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳ дар ноҳияи Рашт (21.09.2021) // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/26625

[5] Ифтитоҳи қисми низомии навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (04.06.2016) // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/12010

[6] Ифтитоҳи Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.02.2018) // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/17136

[7] Шарифзода А., Айниддин С., Шамсиддинзода С. Эмомалӣ Раҳмон ва 25 соли истиқлолияти давлатӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016). –Душанбе: «Бухоро», 2017. – С. 192-193

[8] Шарифзода А. Айниддин С. Эмомалӣ Раҳмон ва 5500-солагии Саразм (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020). Китоби 20. – Душанбе: Дониш, 2021. – С. 50

[9] Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.02.2021) // Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/25142