Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 то 15 ноябри соли равон хатсайрҳои сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуда, нахустин иштирокдорони хатсайр ҳайати намояндагони сохтору идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону кормандони соҳаи тиб, ҷавонону варзишгарон ва дигар шуъбаву сохторҳои зертобеи МИҲД – и шаҳри Душанбе буданд, ки ба ноҳияи Данғара сафарбар гардиданд.
Хатсайри нахустин ҷиҳати бозид аз Осорхонаи даврони мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид.
Дар ноҳияи Данғара иштирокдорони хатсайр аз Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара дидан карда, дар ҳаминҷо баробари шиносоӣ пайдо намудан бо бозёфту нигораҳои қадимаи осорхона, ҳамзамон, аз толори “Пешвои миллат”, ки ҳадафи асосии хатсайри мазкурро ташкил медод, боздид ба амал оварданд.
Тавре маълум гардид, толори мазкур ба хотири қаҳрамонию корномаи беназири Пешвои миллат ташкил шуда, фаъолияти босамари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар солҳои гуногун бозгӯ менамояд, ки зимни боздид иштирокдорони хатсайри сайёҳии мазкур бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии ин фарзонафарзанди миллати тоҷик шинос гардиданд.
А. Ҳасанов