Имрӯз, 11-уми ноябр номинатсияҳои эҷоди назм ва наср дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Тибқи иттилоъ дар номинатсияҳои мазкур аз ҳама гурӯҳҳои иштирокчӣ 143 довталаб ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, дар рӯзи нахустин аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ беш аз 50 нафар довталаб дар наминатсияҳои эҷоди назму наср иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар номинатсияҳои эҷоди назму наср тибқи низомномаи озмун бояд довталабон пеш аз баромад ва пешниҳоди маводҳои қаблан эҷодкардаи худ, дар ҳузури аъзои хакамон дар мавзӯҳои интихобшуда порчаҳои назмӣ ва насрӣ нависанд ва дар ҳаминҷо аз панҷ мавзӯъи интихобшуда, тариқи қуръапартоӣ аз ҷониби яке аз довталабон як мавзӯ интихоб гардида, лифофаи номҳои мавзӯҳои интихобшуда, дар ҳузури довталабону дигар иштирокдорон кушода шуд.
Ҳамин тавр доавталабони бахши наср дар мавзӯи “Пешвои миллат – қосиди сулҳ ва меъмори ваҳдат” ба навиштани Эссе машғул гардиданду довталабони бахши назм бошад дар қофияи ду мисра шеъри Саъдӣ Шерозӣ ба эҷоди назм пардохтанд.
А. Ҳасанов