Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз фаъолияти Аслиддин Низомов ёдовар шуданд

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми Аслиддин Низомов дар рушди санъатшиносии Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур  донишҷуён ва аҳли илму фарҳанги кишвар иштирок намуданд.

Маърӯзачиён зикр доштанд, ки мавсуф аз пуркортарин муҳаққиқони мусиқии тоҷик буда, мавзўҳои “Назарии мусиқӣ дар таълимоти Ибни Сино”, “Анъанаи меросбарӣ дар санъати мақом ва мақомсароӣ”, “Нақши мақомҳо дар ғановати мусиқии классикӣ” ва дигар паҳлуҳои соҳаи мусиқиро баррасӣ намудааст.

Аслиддин Низомов аз ҷумлаи чеҳраҳои маъруф дар пажӯҳиш ва таҳқиқи фарҳангу тамаддуни миллат ба шумор меравад. Ў мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон мебошад. Ин донишманди шинохта, пайваста дар асарҳои илмӣ, маърӯзаву гузоришҳо ва конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, ҷанбаҳои мухталифи ҳунари қадима ва хеле нодири мусиқии классикии халқи тоҷик, ҳамчунин сарчашмаҳои хаттии қадимиро доир ба мусиқӣ мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор додааст.

Саддам Давлатов