Дар шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид

31 октябр дар шаҳри Кӯлоб Фестивали вилоятии «Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Дар фестивали вилоятӣ фаъолзанони 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, дар назди майдони Парчами шаҳри Кӯлоб бо либоси миллӣ, ки аз матоъҳои атласу адрас, чакану гулбаст дӯхта шуда буданд, роҳпаймоӣ намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани фестивал, озмун ва чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷилавгирӣ аз густариши фарҳанги бегона ва тарбия намудани насли наврас, махсусан ҷавондухтарон дар руҳияи ватандӯстӣ мебошад.

Аз қадим миллати тоҷик бо либоси хоссаи худ фарқ дошт ва хушбахтона, ин анъана то ҳанӯз нигоҳ дошта шудааст. Маҳз ҳаминро ба инобат гирифта, Сарвари давлат дар аксар суханрониҳояшон масъалаи ба бар намудани либоси миллӣ, хотима бахшидан ба бегонапарастӣ ва даст кашидан аз истифодаи либосҳои барои фарҳанги мо бегонаро таъкид менамоянд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд, ки «...ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онҳоро инъикос менамояд. Ҳар миллат аз рӯи забон, фарҳанг ва шакли либоспӯшияш шинохта мешавад… Модарону занони мо, тоҷикон тарзи либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос менамояд».

«Занону модарони тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат буданд, ҳастанд ва мемонанд. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо либоси хосса падидор мегардад»,-таъкид гардид дар фестивал.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки бо қарори Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО 29 ноябри соли 2018 «Чакан» ба Феҳристи мероси фарҳангӣ-моддии башарият ворид карда шуд.

Дар анҷоми фестивал ба фаъолони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои тарғибу ташвиқ ва рушди фарҳанги миллӣ Сипоснома тақдим гардид.