Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти сайёҳӣ тақвият мебахшанд

Масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кишоварзӣ, табобатӣ, таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябр зимни вохӯри Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо оид ба омӯзиши таҷриба, шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳӣ, иштирок дар намоишгоҳои дар самти сайёҳӣ ташкил гардида, ифтитоҳи хатсайрҳои нави сайёҳӣ ҷиҳати зиёд намудани гардишгарон мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ оид амалисозии санади ҳамкорӣ, ки байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 июли соли 2024 ба имзо расонида шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд.