7 ноябр дар шаҳри Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад, ки дар он 574 нафар иштирок менамояд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи корӣ оид ба баргузории даври чоруми озмуни мазкур, ки имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре дар Вазорати маориф ва илм ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ оид ба аҳамияти озмуни мазкур ва натиҷаи он ибрози назар карда, аз ҷумла гуфт: «баргузории озмуни мазкур нишон дод, ки ҳар сол теъдоди довталабон афзуда, китобхонӣ ва таваҷҷуҳ ба китоб низ хислати оммавӣ пайдо намуда истодааст».
Тибқи омори пешниҳоднамудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар, дар даври дуюми он 49267 нафар, дар даври сеюм 3742 нафар иштирок намуданд. Дар даври сеюми озмун аз шаҳри Душанбе 458 нафар, аз вилояти Суғд 1330 нафар, аз вилояти Хатлон 1130 нафар, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 373 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 451 нафар иштирок намуданд, ки аз ин ба даври чоруми озмун 574 нафар роҳ ёфт.
Иброз гардид, ки омодагӣ ба даври чоруми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланд қарор дошта, ҷадвали баргузорӣ, рўйхати ҳакамон дар номинатсияҳо, Шоҳчоизаҳо, рўйхати комиссияи аппелятсионӣ ва масъулон аз ҷониби вазорат барои тасдиқ пешниҳод гардидаанд.
Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин дархост гардид, ки дар рафти озмун шаффофият таъмин карда шавад ва аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузошта шавад. Инчунин ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон