Тоҷикистон ва Куба ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд

Бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куба вохӯрии намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Куба Оскар Сантана Леон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.

Дар вохӯрӣ оид ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳии экологӣ ва солимгардонию табобатӣ табодули афкор доир шуд.

Ҷонибҳо татбиқи ҳамкориро дар самти сайёҳӣ байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куба барои зиёд намудани шумораи гардишгарон муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Ҷумҳурии Куба вобаста ба ташкили сафарҳои сайёҳон аз ду давлат тавассути парвозҳои чартерӣ ва ғайримустақими амалкунанда бо мамлакатҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ таклифу пешниҳодҳо баррасӣ гардиданд.