31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст

 31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо мебошад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд ва то соли 2050 70 фоизи аҳолии ҷаҳон сокинони шаҳр хоҳанд буд. Тибқи маълумот, дар ибтидои солҳои 1800 2 фоизи аҳолӣ ва соли 1950 30 фоизи аҳолӣ сокини шаҳр буд. Ҳар рӯз шаҳрҳои ҷаҳон аз ҳисоби қариб 180 ҳазор нафар одамон пурра мегарданд. Мақсади Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо низ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои шаҳришавӣ, яъне баланд шудани мақоми шаҳрҳо дар пешрафти ҷамъият мебошад.

Мавриди ёдоварист, ки давоми чанд соли охир афзоиши босуръати аҳолӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар пойтахт 1 миллиону 241 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат менамоянд. Вобаста ба ин дар шаҳри Душанбе барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Яке аз ин тадбирҳои муҳим тасдиқи Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе мебошад. Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид, ки тибқи он васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.

Дар рушди шаҳрҳо бунёди роҳҳо нақши авалиндараҷа доранд. Аз ин хотир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар намудани ҳолати шабакаҳои роҳҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, кам намудани вазъи танбашавию шиддатнокии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ва беҳбуди ҳолати экологӣ тадбирҳои судманд меандешад.

Аз ҷумла, дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар пойтахт навсозии роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров- аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» Муҳаммадюсуф Раҳимзода иттилоъ дод, ин роҳ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон ба нақша гирифта шуда, дар он мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Дарозии роҳ 6,6 кмро ташкил дода, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хати алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ низ пешбинӣ шудааст.

«Ҳамзамон боз 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар буриши хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ва дар буриши кӯчаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қаҳҳоров, буриши кӯчаҳои Абай бо Қаҳҳоров ва буриши кӯчаҳои Соҳилӣ бо ҷанубӣ бо бунёди пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе сохта, ба истифода дода мешавад», -иброз дошт ӯ.

Навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо тарҳи меъмории муосир барои иҷрои супориши Роҳбари давлат барои ба шаҳри пешрафта табдил додани шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.

Амалишавии чунин лоиҳа бо 5 роҳи дусатҳа ва имконияти васеъ барои ҳаракати нақлиёт, роҳи махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон дар пойтахти мамлакат бори аввал амалӣ мешавад. Сохтмони роҳ аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 13 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузошта буданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳҳои замонавиро дар шаҳри Душанбе намунаи асосии амалишавии нақшаҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷониби шаҳрдорӣ барои пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз соли 2017 то 2023 барои таъмири 160 км роҳҳо дар шаҳри Душанбе 2,3 милиард сомонӣ равона гардид. Инчунин дар роҳҳои пойтахт 188 истгоҳи наву замонавии нақлиёти мусофирбар бунёд шуд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва тинҷию оромии Ватан иҷрои супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шаҳрдорӣ ба бунёду ба истифода додани роҳҳои замонавӣ мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»