Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонон барои рушди Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон иштирок намуд

28-29 октябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми ҷавонон барои рушди Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи форум масъалаҳои мубрам дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, амалӣ намудани табодули таҷриба байни сохторҳои кор бо ҷавонони давлатҳо бо мақсади татбиқи ҳадафноки сиёсати давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ва чораҳои муассир барои пешгирии терроризму экстремизм байни ҷавонон баррасӣ шуданд.

Инчунин фароҳам овардани шароит бобати таъмини ҷойи кор ва таҳсили сифатнок барои ҷавонон матраҳ гардид.

Дар доираи форум чорабиниҳои гуногун баргузор шуда, бо мақсади муаррифии фарҳанги миллӣ гӯшаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.