Пиряхҳо дар нигоҳдории экосистемаҳои марбут ба об нақши калидӣ доранд ва аз байн рафтани онҳо метавонад барои гуногунии биологӣ ва устувории экосистема оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд оид ба Рӯзи ҷангал ва об дар ҳошияи Конфронси 16-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (СОР16) дар шаҳри Калии Ҷумҳурии Колумбия иброз намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш аз ҷониби котиботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, дар павилиони «Барномаи глобалии қолабии Кунмин-Монреал вобаста ба гуногунии биологӣ» баргузор гардид.
Баҳодур Шерализода аз муҳимияти Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022 оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 қабул гардид, сухан гуфт.
Гуфта шуд, ки пиряхҳо манбаи оби тоза буда, ба дарёҳо, кӯлҳо ва ботлоқзор ғизо медиҳанд. Ин дар навбати худ олами наботот ва ҳайвоноти гуногунро эмин нигоҳ медорад.
Инчунин таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаи тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии пиряхҳо гардида, ба экосистемаҳои поёноб низ таъсири манфӣ мерасонад, ҷалб шуд. Оби пирях одатан ҳарорати паст дошта, барои ҳаёти микроорганизмҳо ва дигар организмҳои зинда шароити беназир фароҳам меоварад. Ҳамчунон дар баробари кам шудани қабати ях шароит тағйир ёфта, он метавонад сабаби нобудшавии намудҳои махсусе, ки дар дарёҳои пиряхҳо зиндагӣ мекунанд, гардад. Ин дар навбати худ на танҳо ба гуногунии биологӣ, балки ба хизматрасонии экосистемаи онҳо, аз қабили тозакунии об ва нигоҳ доштани суботи экосистема таҳдид мекунад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: khovar.tj