Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва вилояти Свердловск ҳамкориро тақвият медиҳанд

27 октябр намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои муқаррароти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавассути муаррифии иқтидори сайёҳии мамлакат ва ба ин васила ҷалби бештари ҷаҳонгардон ба шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск сафар намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 29 октябр дар бинои Маркази фарҳангӣ ва тиҷоратии «Борис Ельцин» вобаста ба муаррифии иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҷамъомад имконият ва маконҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон тариқи рӯнамо муаррифӣ шуданд.

Ширкатҳои сайёҳии ду ҷониб вохӯрӣ намуда, оид ба рушди ҳамкории соҳаи сайёҳӣ шартномаҳо ба имзо расониданд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба меҳмонон аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон оши палов пешниҳод шуд.

Ёдовар мешавем, ки сафари намояндагони Тоҷикистон бо мақсади густариши ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Русия то 31 октябр идома меёбад.

Манбаъ: khovar.tj