ОҒОЗИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ ДАР ДУШАНБЕ

Форуми байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия дар Душанбе оғоз ёфт.

Форуми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шариконе, ки дар соҳаи саноати кӯҳӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла ширкати «Восток Капитал» роҳандозӣ шуда, дар он беш аз 300 нафар коршиносони соҳа аз хориҷи мамлакат иштирок доранд.

Баргузории Форуми мазкур асосан ба ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат, дастгирии рушди устувори саноат, таҷдид ва тавсеаи робитаҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин фаъолсозӣ, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи саноат нигаронида шудаст.

Гузориши муфассал аз ҷараёни Форум баъдан пешниҳод хоҳад шуд.

Ҳасанов Абдураҳмон