Барои рӯзноманигорон ба мавзеи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» саёҳати матбуотӣ ташкил карда мешавад

29 октябр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гурӯҳи хабарнигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат барои инъикоси ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти сохтмончиён ба мавзеи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» сафар менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар» бо истинод ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳайат аз 35 нафар рӯзноманигорону кормандони расонаҳои давлатӣ ва мустақили ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иборат мебошад.

Зимни сафар рӯзноманигорон бо мусоидати маъмурияти Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо фаъолияти сохтмони ин иншооти муҳими аср шинос мегарданд.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ин иқдомро бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз