Дар Туркия ба бузургдошти Абуабдулло Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор шуд

24 октябр дар Донишгоҳи Анқараи Ҷумҳурии Туркия ба бузургдошти Абуабдулло Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия иттилоъ доданд.

Ҳамоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои Афғонистон ва Эрон доир шуд. Дар он намояндагиҳои дипломатӣ, роҳбарияти донишгоҳ, адабиётшиносону зиёиён аз чор мамлакат доир ба манзалати Абуабдулло Рӯдакӣ ва ашъори ӯ андешаҳояшонро баён доштанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш мусиқии мардумии чор давлати иштирокчӣ иҷро гардид. Инчунин бо иштироки 10 донишҷӯи риштаи забони форсии Донишгоҳи Анқара озмуни шеърхонӣ аз ашъори Устод Рӯдакӣ доир гардид. Ғолибон ва иштирокчиён бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2002 инҷониб бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентябр чун Рӯзи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷик ба таври бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ин шоири забардаст чорабиниҳои идона, маҳфилҳои адабӣ ва ҳамоишҳои илмӣ-адабӣ баргузор мешаванд.