Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиши ҷавонони соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи сайёҳӣ бештар гардида, барои рушду равнақи соҳа шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳамоиш вобаста ба дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон, қабули якчанд санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар раванди идоракунии давлатӣ ибрози назар карда шуд.
Оид ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ иброз гардид, ки дар донишгоҳ ва донишкадаҳои олии мамлакат барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори сайёҳӣ имконият фарох аст. Танҳо зарур аст, ки ҷавонон аз ин имконият васеъ истифода баранд.
Дар ҳамоиш имконияти сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда, Барнома-муроҷиатномаи ҷавонони фаъоли соҳаи сайёҳии мамлакат шунида шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон