25 октябр Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Олмон Норберт Фибиг вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Дар мулоқот вобаста ба зарфияти сайёҳии Тоҷикистон, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор маълумот дода шуд.
Ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкориро дар самти сайёҳӣ байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои зиёд намудани шумораи гардишгарон муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ бо фарҳанг, таърих, урфу одат, забон, табиат ва хӯрокҳои миллии худ фарқкунанда буда, барои сайёҳон макони ҷолиби диққат ва таваҷҷуҳи хос аст.
Роҳбарони ширкатҳои ватанӣ зимни вохӯрӣ фаъолият ва хизматрасониҳояшонро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои олмонӣ ва ватанӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон