Намояндагони Бонки Осиёии рушд ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисорро тамошо намуданд

Ҳайати Бонки Осиёии рушд, ки бо мақсади баррасии ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» аз 21 то 25 октябр дар Тоҷикистон қарор дорад,  ба тамошои Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор рафта, бо ин ёдгории қадимӣ аз наздик шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Ёдгории таърихии  Қалъаи Ҳисор ба лоиҳаи афзалиятноки сармоягузории «Рушди шабакаи сайёҳии фарҳангии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ширкати байналмилалии машваратии JV Hidria, Подшоҳии Испания таҳия шудааст, ба Нақшаи генералии ҳамгироишудаи сайёҳии Душанбе, минтақаҳои атрофи он ва вилояти Хатлон ворид гардидааст.