Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир гашт

Намоишгоҳ дар Осорхонаи милллӣ дӯстдорони каломи бадеъ ва ноширону адибонро аз дохил ва хориҷи кишвар ба ҳам овард. 

Ин намоишгоҳ аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Имсол дар он беш аз 40 ношир зиёда аз 5000 унвон китобҳои тозанашри худро дар риштаҳои адабиёти бадей, адабиёти кӯдак, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоиёт ба алоқамандони китоб пешниҳод намуданд.

Дар намоишгоҳ ба ғайр аз ноширони ватанӣ  ҳамзамон, ноширону адибон аз кишварҳои дӯсти Тоҷикистон – Ҷумҳурии Халкии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Туркия, Туркманистон, Ўзбекистон ва Ҳиндустон ширкат варзида, бехтарин намунаҳои китобҳои муассисаҳои табъу нашри хешро ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд.

Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе»  аз 22 то 24 октябр идома меёбад.

Саддам Давлатзода