Ҷамъомади ифтитоҳии даври чоруми озмуни ҷумҳуривявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти ин ниҳод оид ба аҳамият ва зарурати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», нақши илм дар рушд ва инкишофи ҷомеаи муосир изҳори андеша намуда, ба иштирокдорон тартиби баргузории онро тибқи муқаррароти Низомнома шарҳ доданд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ ҷараёни санҷиши дониши довталабон аз тарафи аъзои ҳакамон мебояд ба таври шаффоф ва ҷиддӣ сурат гирад. Даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» аз рўи 7 номинатсия баргузор мегардад.
Номинатсияи химия озмун дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷиикистон доир гашта, дар он 90 нафар довталаб иштирок намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар даври ҷумҳуриявии озмун дар умум 593 нафар аз ҳамаи номинатсияҳо иштирок мекунанд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли 4-ум аст, ки таҳти cарпарастии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология гузаронида мешавад.
Саддам Давлатов