ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ НАМОИШГОҲИ “БОХТАР ФУД – 2024” ВА ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2024”

17-уми октябр дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024» оғоз гардид, ки дар он  маҳсулоти саноативу кишоварзии  вилоят пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар  Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест-2024» доир шуда, то 18 октябр идома ёфт.

 Ёдовар мешавем, ки форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024»  бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ бори аввал дар вилояти Хатлон ташкил карда шуд, ки дар он беш аз 400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатӣ, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.

Бояд гуфт, ки дар рафти форум беш 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиеда аз 500 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуд.

Абдураҳмон Ҳасанов