Рӯзҳои фарҳанги давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ макони оғози Рӯзҳои фарҳанги давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ҳамзамон, дар саҳн ва даромадгоҳи бинои театр намоиши ҳунарҳои мардумии кишвари Қатар ташкил карда шуд. Рӯзҳои фарҳанги давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоии мардуми тоҷик бо ҳунару фарҳанги Қатар баргузор гашта, баҳри таҳкими робитаҳо ва табодули фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Дар барномаи рӯзҳои фарҳанг намунаҳои асили мероси фарҳангии Қатар аз қабили ҳунари садо, нақш ва гаҷ, хӯрокҳои анъанавӣ, санъат ва сурудҳои баҳрӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд. Рӯзҳои фарҳанги давлати Қатар дар Тоҷикистон аз 15-ум то 18-уми октябр идома меёбад.