Ҷаласаи ҳисоботӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи муассиса

15 октябр дар Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷаласаи ҳисоботӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи муассиса дар соли 2024 доир гардид. Дар кори он маъмурият ва ҳайати васеи кормандон, ҳамчунин сардори Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизиони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмадов ширкат варзиданд.

Нахуст директори Муассиса Амирзода Дилафрӯз баромад намуда иброз дошт, ки шабака дар давоми нӯҳ моҳи соли 2024 ҳамарӯза барои бинандагон силсилаи намоишҳои иттилоотӣ, маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ, ролику лавҳаҳои тарғиботии инъикоскунандаи бахши сайёҳию ҳунармандиро таҳия ва пешниҳод намуд.

Шумораи лоиҳаҳое, ки аҳли эҷоди шабака таҳия мекунанд ба 60 расиданд. Доир ба фаъолияти раёсату шуъба ва бахшҳо роҳбарони идораҳои эҷодӣ ҳисобот дода, вобаста ба корҳои иҷрошуда дар давраи ҳисоботи маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар баромади муовини якуми директор Шарифзод У. вазъи воқеии фаъолияти кормандон, таҳия барномаҳо, иҷрои супоришҳо, ширкат дар озмунҳо, ҳавасмандии кормандон  ва монанди инҳо зикр гардид.

Ба сатҳу сифати барномаҳо ва иҷрои супоришҳо дар Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Аҳмадов И.  баҳои хуб дода шуд. Ҳамзамон, мавсуф ҷиҳати аҳамияти ҷиддӣ додан ба сифати кор, ҷой додани маводи беҳтарин дар шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуд.

Дар охир директори Муассиса Амирзода Д. натиҷаи кори нӯҳмоҳаи муассисаро дар соли 2024 ҷамъбаст намуда, доир ба нақшаҳои дарпешистода, риояи қатъии интизоми меҳнат, афзун намудани корҳои ободкорию созандагӣ, роҳандозии лоиҳаҳои нав ва ҷалби ҳарчи бештари тамошобинон ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа натиҷаи фаъолияти Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар нӯҳмоҳаи дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардид.