Зиёд шудани ҳунармандон дар Тоҷикистон

Бинобар иттилои  Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ҳоло дар Тоҷикистон 8 ҳазору 41 нафар ҳунарманд дар 12 самт маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ истеҳсол мекунанд, ки аз он 3216 нафарашон ба истеҳсоли дастӣ машғул ҳастанд.

Маврид ба зикр аст, ки шумораи бештари ҳунармандон аз вилоятҳои Суғду Хатлон мебошанд. Бояд гуфт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенди  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рушди ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат афзоиш ёфта барои бо ҷоий кор таъмин гаштани духтарону занон замина хоҳад гузошт. 

Рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳимест ҷиҳати муаррифии миллати қадима, беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани духтарону занон мебошад.   Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” марҳалаи нави рушди ин бахши суннативу судманд фаро расид. Давоми се сол ҳунармандон дар рушди фарҳанги миллӣ, ки як ҷузъи фарҳанги ҷаҳонист, нақши босазо гузоштанд.  Маҳсули дастони онҳо ба тамоми гўшаву канори олам расид, ки ин заминаи хубе барои муаррифии фарҳангу тамаддуни милли тоҷикон гардид.

Расм: АМИТ «Ховар»