Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии  “TajBuild” баргузор гардид

Дар маркази намомишии Экспои Душанбе бо ширкати зиёди намояндагон аз вазорату сохторҳои марбутаи соҳа ва ташкилотҳои хориҷӣ намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии “TajBuild” ифтитоҳ ёфт.

Дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфуз, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизотҳои махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта шуд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи ширкати «TajBuild» ва бо  дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ташкили асотсиатсияи пешбари ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи сохтмон яке аз мақсадҳои дигар ин намоишгоҳи байналмилалиро ташкил медод. Дар намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «Таҷбилд» дар маҷмуъ 7 кишвари хориҷӣ ва 70 ширкати  дохилию берунӣ маҳсулоти сохтмонии худро ба намоиш гузоштанд. Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuld» аз 6 қисмат; маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, пешниҳоди меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбобҳо, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ѓайриманқулро дар бар мегирад.

Саддам Давлатзода