Имрӯз формулаи сулҳи тоҷикон, ки маҳз ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, дар ҷаҳон машҳур гаштааст. Ин таҷриба мавзуи маърузаҳо ва суханрониҳо дар конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ гардидааст. Чунин ибрози назар намудааст дар робита ба ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Валиҷон Олимзода.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.
-Ин ҳафтумин пешниҳоди глобалии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии инсоният давоми чаҳоряк асри гузашта аст.
Шуруъ аз соли 2000 панҷ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим бо ҷонибдории аксар давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва тибқи қатъномаҳои махсуси Маҷмаи Умумии ин созмони бонуфузи олам пазируфта шудаанд. Аз ҷумла:
- Соли 2003 – Соли байналмилалии «Оби тоза», ки тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2000 қабул гардидааст.
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 23 декабри соли 2003 қабул гардидааст.
- «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013», ки дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2010 қабул гардидааст.
- Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028, бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 қабул гардидааст.
- «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки 14 декабри соли 2022 тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Тибқи ин қатънома, инчунин 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад, ки зимни он масъалаи таъсиси Фонди байналмилалии эътимод барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо ба миён гузошта хоҳад шуд.
Хотиррасон мешавем, ки 2 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул намуд.
Морхӯр (capra falconeri-бузи пармашох) яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбекистон ба шумор рафта, барои экосистема, биогуногунӣ, сайёҳӣ ва ғайра нақши муҳим дорад. Дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳонӣ бо назардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштани ин ҳайвони нодир хеле муҳим аст.
Инчунин бо ибтикор ва ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва гиромидошти таъриху тамаддуни бостонии миллати тоҷик аз ҷониби ЮНЕСКО 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1995), 675-солагии адиби оламшумули тоҷик Камоли Хуҷандӣ (1996), 1100-солагии таъсиси нахустин давлати тоҷикон – Сомониён (1999), 960-солагии Умари Хайём (2000), 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ (2003), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик устод Абуабдуллоҳ Рудакӣ (2008), 5500-солагии Саразми бостонӣ (2020) ботантана ва дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил гардида, Наврӯз (21 март) Иди байналмилалӣ эълон гардид, мусиқии «Шашмақом» (2008), ҷашни Наврӯз (2010), хӯроки миллии «Оши палов» (2016), ҳунари гулдӯзии «Чакан» (2018), «Фалак» (2021), ҷашни Сада (2023) ва ғайра ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ҳамроҳ карда шуданд.
Инак, пешниҳоди нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – эълони Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда мебошад.
Ҳоло дар ҷаҳон аз ин дида масъалаи мубрамтар ва муҳимтаре нест, зеро, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид баён доштанд, «имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад. Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани «ҷанги сард», низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт. Дар ин зимина, муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ бо мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад».
Барҳақ, сулҳу салоҳ беҳтарин ҳолати зиндагии инсонҳо дар рӯи Замин аст. Ҳеҷ кас ҷанг, куштор, хунрезӣ, харобӣ, гуруснагӣ ва тарсу ҳаросро намехоҳад.
Созмони Милали Муттаҳид соли 1945, пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон, маҳз ба хотири пешгирии ҷангҳою зиддият, ба ҳам наздик сохтани мақсаду мароми халқҳо ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни давлатҳо таъсис ёфта буд. Аммо, мутаассифона, то ҳол бо айби худи инсонҳо ҷангу ҷидол ба ин ё он тарз, дар ин ё он минтақа бо мунтазамии афзоянда ба вуҷуд меояд. Олимон тахмин мезананд, ки аз соли 1945 то имрӯз дар рӯи Замин ҳамагӣ 25 рӯзи осоишта будааст. Дигар рӯзҳо бо кашмакашию даргириҳо дар ин ё он гӯшаи сайёра сипарӣ шудаанд.
Аз ин лиҳоз, таҳкими сулҳ дар рӯи Замин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи давлатҳо, созмонҳо, миллату халқият ва сокинони сайёра мебошад. Сулҳ ва амният афзалияти асосии Созмони Милали Муттаҳид буд ва мемонад.
Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои гуногун таъкид намудаанд, ки рушду тараққиёти тамоми самтҳои зиндагӣ танҳо дар шароити сулҳу оромӣ ва суботу амният ба даст меояд. Ин ба тамоми давлатҳо, минтақаҳо ва халқияту миллатҳои ҷаҳон тааллуқ дорад.
Сулҳу амонӣ ва осоиштагӣ кафили хушбахтии тамоми олам аст. Бо шарофати сулҳ одамон бо хотири ҷамъ барои ояндаи дурахшон ва ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд. Воқеан ҳам сулҳ беҳтарин неъмати рӯи Замин аст, ки меваи пурбор ва ширин дорад.
Маҳз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудани таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон беваҷҳ нест. Маънии калимаи «сулҳ» дар вожаномаҳо чунин омадааст: оштӣ, мулоимат, мусолимат, осоиштагӣ, амонӣ. Барои Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта тавонистанд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандии таҳмилшударо дар мамлакат бигиранд, тарафҳои даргир ва муқобилро ба ҳам оваранд, оштӣ диҳанд, ҳамаро ба роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бунёдкорию созандагӣ даъват намоянд, фазилати мафҳумҳои дар боло гуфта беш аз дигарон маълуму машҳур ва азизу муътабар мебошад.
Дар он айёми сарнавиштсоз Сарвари давлат ба кулли мардум бо чунин чунин суханон муроҷиат намуданд: «Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайяни дихилию хориҷӣ сабабгори ин ҷанги таҳмилӣ ва фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа будан ва ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд…».
Дар хотимаи муроҷиатномаашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухане гуфтанд, ки самимию қатъӣ буданашро таърихи минбаъдаи миллату давлат исбот намуд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Сарвари давлати Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳон нишон доданд, ки ҷуз ба ҳам омадану дасти ҳамро гирифтан роҳи дигару беҳтари ҳалли низоъҳо вуҷуд надорад.
Ба Пешвои миллати тоҷик медали тиллоии Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият тақдим гардид. Шаҳри Душанбе соли 2002 аз ҷониби ЮНЕСКО «Шаҳри сулҳ» эълон карда шуд. Пойтахти Тоҷикистон соли 2004 ба Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и ЮНЕСКО шарафёб гардид.
«Музокироти сулҳовари Эмомалӣ Раҳмон бояд намунаи ибрат бошад», — эътироф намудааст Конфронси байналмилалӣ, ки аз тарафи Институти бритониёӣ оид ба инъикоси ҷанг ва сулҳ дар мавзуи «Оё низои маҳаллӣ ба ҷанги минтақавӣ мубаддал намешавад?» гузаронида шуда буд.
«Музокироти сулҳи тоҷикон сазовори омӯзишу таҳқиқ аст» — ба чунин андеша расиданд иштирокчиёни конфронси «Ислом ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ», ки онро созмони «Симера»-и Швейтсария доир карда буд.
Ҷорҷ Буш, ки солҳои 2001-2009 Президенти ИМА буд, гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои давлаташ бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшуморанд».
Президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтааст: «Раванди сулҳ дар Тоҷикистон хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо кардааст. Ва ин, бешубҳа, хизмати бузурги Президент Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов мебошад. Ғалабаи боварибахши ӯ дар интихобот барҳақ нишон дод, ки то чӣ андоза обрӯю эътибори Сарвари давлат дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд аст ва то чӣ андоза халқи тоҷик ояндаи худро бо ӯ пайвастааст».
Президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов гуфта буд: «Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмонов дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳаввулоти кунунии зиндагӣ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти ӯ дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо кардани мувофиқа байни одамони дорои эътиқод ва назариёти комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ ҷузъи асосии сулҳи имрӯза дар Тоҷикистон мебошад».
Ва ҳоло, баъди пешниҳоди нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сиёсатмадорон, уламову удабо, равшанфикрон, мутахассисон, коршиносони кишварҳои гуногун ба ин суол посух меҷӯянд:«Чӣ бояд кард, то сулҳ дар олам пойдору устувор гардад?».
Чанде аз назарҳои қобили таваҷҷуҳро бо баргирӣ аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ мисол меорем, ки чунин мебошанд:
- Бояд таблиғи ҷанг, зулму зӯроварӣ, кинаю адоват аз тариқи адабиёти бадеӣ, саҳнаҳои ҳунарӣ, телевизион ва радио, дигар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ мамнуъ эълон карда, васфи сулҳу субот ва ҳамзистии осоишта бештар карда шавад;
- Барои таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳон бояд сокинони сайёра хашму ғазаб ва хоҳиши ҷангро аз худ дур созанд, аз ситеза, муқовимату мухолифат даст кашанд, ба якдигар бо раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат нигаранд, муросову мадоро намоянд ва ин ҳама бояд ба қоидаи нонавиштаи зиндагӣ табдил дода шавад;
- Касеро бе далели шайъӣ ва дигаронро дар нокомиҳои худ айбдор сохтан мамнуъ ва айб эълон карда шавад;
- Бояд шаҳрвандон бар пояи қонунҳои кишвари худ амал кунанд, кишварҳо ва созмонҳо қонунҳои байналмилалиро қатъиян риоя намоянд.
- Созмони Милали Муттаҳидро мебояд пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистонро дастгирӣ ва барномаи фарогири таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳонро бар асоси назарияи «Сулҳи кулл»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки аз асри 13 то имрӯз аҳамияти оламшумули худро гум накардааст, инчунин бар асоси таҷрибаи сулҳи тоҷикон таҳияву тасдиқ намояд ва мавриди амал қарор диҳад;
- Нақши қарору қатънома ва кувваҳои сулҳдӯсти Созмони Милали Муттаҳид бояд чанд маротиба боло бурда, теъдоди барномаҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо ва минтақаҳо бештар карда шавад;
- Мо бояд ба дунболи арзишҳо ва заминаҳои муштарак бошем, нуқтаҳои тамос ва муттаҳидшавии одамон — ғояҳои умумӣ ва ҳадафҳои умумиро ҷустуҷӯ кунем. Мо бояд расидагии одамон ба якдигар, кумаку эҳсонкорӣ ва дигар амалҳои хайрро бештар тарғиб кунем, ба муҳаббату самимият арҷгузорӣ намоем. Мо бояд хоҳиши дигаронро, агар нек ва безарар аст, қабул кунем, ба ақидаи дигарон гӯш диҳем ва эҳтиром гузорем.
Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо метавон чунин ҳадс зад: барои таҳзиби ахлоқу аъмоли инсонҳо, муносибати байни кишварҳо ва таҳкиму сулҳу субот шабакаи ҷаҳонии интернет нақши бориз метавонад гузорад.
Бале, имрӯз ҷаҳон дар вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ, бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва ҷараёни босуръати рушди техникаю технологияи нав қарор дорад.
Бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва имконияти фаровони интернетро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ баргузид.
Албатта, ҳар чизи наве, ки имрӯз ба дасти мо омадааст, барои боз ҳам осон намудани корамон пешбинӣ шудааст. Аммо ҳар падидаи ҷадид ду паҳлу дорад: мусбат ва манфӣ. Мисли он ки як замоне мусофирон ва бору коло аз ҷой ба ҷойе бо аспу ароба интиқол дода мешуданд. Баъдан мошину қатораву ҳавопаймоҳо пайдо шуданд, ки корро даҳҳо ва садҳо маротиба осон намуданд, вале садамаҳо ва талафоти одамон низ ҳамин қадар зиёд шуд.
Аз ҷумла, шабакаи байналмилалии интернет низ ҳамин гуна аст. Барои он ки нақлиёт ба садама дучор нашавад, ронандагони қатораву автомобилҳо ва халабонҳои ҳавопаймоҳо бояд аз эҳтиёт кор гиранд, техникаи бехатарӣ ва фарҳанги касбии худро риоя намоянд. Истифодабарандагони интернет ҳам бояд омӯхта ва таълиму тарбия дида бошанд, то ба ҷои фоида ба худ ва дигарон зарар нарасонанд.
Интернет мисли бозори азиме аст, ки ҳар нафаре ба он ворид мешавад, бояд сараро аз носара ва маҳсулоти фоиданокро аз зиёновар фарқ карда тавонад.
Шабакаи байналмилалии интернет дар айни замон махзани бузурге аст, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти одамонро фаро гирифтааст. Одамон ба воситаи интернет бо ҳам тамос мегиранд, нома менависанд, асарҳои дилхоҳашонро дастрас ва мутолиа менамоянд, мақолаву рисола ва роману достонҳояшонро паҳн месозанд, ба донишгоҳҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ ҳуҷҷат месупоранд ва дохил мешаванд, ҳукуматҳо ва созмону ширкатҳо санадҳо ва мавқеву назари худро пахш мекунанд, давлатҳо бо ҳамдигар муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкории иқтисодӣ ба роҳ мемонанд, инсонҳо якдигарро мебинанд, мешунаванд ва дарк мекунанд.
Интернет ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд меорад. «Сулҳро бо зӯрӣ ҳимоя ва пойдору устувор карда намешавад. Ба ин танҳо ба воситаи ҳамдигарфаҳмӣ мушарраф шудан мумкин аст», — навиштааст донишманди маъруф, барандаи Ҷоизаи Нобел Алберт Эйнштейн.
Хулласи калом, интернет дар такмил ва тавсеаи иртибот байни кишварҳо ва созмонҳо нақши калидӣ дорад. Ин шабакаи глобалӣ дар муҳлати начандон зиёд ба омили муҳими сиёсати умумибашарӣ, воситаи ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шайъи (объекти) муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Интернет метавонад воситаи тавоно барои тавсеаи некию накӯкорӣ ва муҳаббату самимият байни халқҳо ва давлатҳо бошад.
АКС: АМИТ «Ховар»