Дар Душанбе Форуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ» ба кор оғоз менамояд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ» ба кор оғоз мекунад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар форум самтҳои калидии стратегии ҳамкории ду давлат, инчунин доираи асосии ҳамкории байнипарламентӣ баррасӣ карда мешаванд.

Иштирокчиёни форум ба ин чорабинӣ ҳамчун воситаи муассири густариши ҳамкорӣ аҳамияти хосса зоҳир менамоянд.

Ба рӯзномаи форум мавзуъҳо вобаста ба бахшҳои маъмултарини ҳамкорӣ — робитаи тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ-гуманитарии Тоҷикистон ва Русия дохил гардидаанд.