ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Беш аз 5 ҳазор нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд

Дар нуҳ моҳи соли равон 5 ҳазору 613 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм намуданд, ки 2029 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Тавре Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳадафу мароми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандон равона гардидааст. Аз ин рӯ, барои ташкили ҷойи кори нав дар дохили ҷумҳурӣ ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин зинаи таҳсил аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода гардида, дар назар аст, ки теъдоди ихтисосҳо то ба 1000 адад зиёд карда шавад.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки «имсол литсейҳои касбии техникии ҷумҳуриро 8 ҳазору 73 нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм намуданд, ки 2 ҳазору 674 нафари онҳо духтарон мебошанд. Бештари хонандагон ин литсейҳоро аз рӯйи ихтисосҳои дӯзанда, системаи компютерӣ ва интернет-технология, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, ҳисобдор бо донистани компютер, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, кафшергари газию барқӣ ва кафшергари барқӣ хатм намуда, 2235 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд. 2018 нафар барои идомаи таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар назди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қарор дорад, ин таъмини хонандагону донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ мебошад. Ҳоло хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 62 фоиз китоби дарсии фанҳои умумитаълимӣ ва 35,1 фоиз китоби дарсии фанҳои тахассусӣ таъмин мебошанд.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо маводи таълимӣ, аз ҷумла, китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ, матн-лексияҳо ва дигар маводи ёрирасони методӣ дар кумита гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба ва методистони сатҳҳои гуногун таъсис дода шуд. То ин замон 14 номгӯй китоби дарсӣ омода ва ба чоп фиристода шуда, зиёда аз 150 маводи таълимии дигар дар таҳрир ва баррасии гурӯҳи корӣ қарор дорад. Кумита тасмим гирифтааст, ки ин номгӯйи маводи таълимиро то охири имсол нашр ва дастраси устодону хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гардонад. Инчунин таҳияи стандартҳои фаннӣ ва таҷдиди назар намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ бо бартарият додан ба омӯзиши фанҳои тахассусӣ идома дорад. Корҳо дар ин самт то охири соли равон ба анҷом расонида мешаванд.

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои касбии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, муҳайё намудани шароит барои қонеъ гардонидани ҷомеа ва бозори меҳнат ба кадрҳои коргарӣ тавассути таъсис ва навсозии сохтор ва низоми таҳсил, рушди малакаҳои касбӣ ва дар амал ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии насли нав, ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, истифодаи самараноки захираҳои моддию молиявӣ, бунёд ва таҳкими механизми тайёр намудани кадрҳои коргарӣ тибқи талаботи бозори меҳнат лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» таҳия карда шуд. Лоиҳаи барнома баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Инчунин бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи омӯзгорӣ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ мутахассис омода карда мешавад. Соли 2023-2024 ин муассисаҳоро аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти рус 273 нафар ва аз рӯйи ихтисоси забони англисӣ 299 нафар хатм намуданд. Ҳамзамон дар 25 муассисаи таълимӣ омӯзиши 82 фанни таълимӣ бо забони русӣ ба роҳ монда шуд.

Фарҳод Раҳимӣ илова намуд, ки соли 2024 шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии равияи омӯзгории ҷумҳуриро 715 нафар мутахассиси ҷавон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм намудаанд. Онҳо тибқи роҳхати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва шартномаи сеҷониба давоми се сол аз рӯйи ихтисос барои машғул гардидан ба фаъолияти омӯзгорӣ ба ихтиёри раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор фиристода шуданд. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, 395 нафар мутахассиси ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисос ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ намуд. 156 нафар мутахассиси ҷавон бо сабабҳои узрнок ва 164 нафар мутахассиси ҷавони дигар бе сабабҳои узрнок ба ҷойи кор ҳозир нашуданд, ки дар ин масъала масъулон кор мебаранд.

Инчунин дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 4 филиал фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳо аз рӯйи 10 самт: омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иҳтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.