ТАШКИЛИ КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАҲОИ ДУРДАСТ

Дар заминаи амалисозии барномаҳои ҳадафмандонаи ҳукумати мамлакат ва иқдомҳои созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо ташаббуси масъулони Маркази саломатии ноҳия корвони саломатӣ ташкил гардида, дар ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳия ба сокинон хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд.

Иқдоми мазкур дар деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия амалӣ гардида, дар он мутахассисони соҳаи тандурустӣ-табибони соҳибтаҷриба тавассути дастгоҳу таҷҳизотҳои гуногуни тиббӣ аз рўи бемориҳои гуногун ба сокинон хизматрасонӣ намуданд.

Сокинон амалишавии чунин иқдоми шоистаро натиҷаи пойдории сулҳу субот дар кишвар ва рушди батадриҷи соҳаи тандурустӣ дар ноҳия медонанд, ки давра ба давра бо фароҳам омадани имкониятҳои мусоид шароити ташхису табобати бемориҳои гуногун ба таври зарурӣ таъмин шуда истодааст.

Абдураҳмон Ҳасанов