Конфронси “Санҷиши поктинатӣ дар хизмати давлатӣ: таҷрибаи пешрафта, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳал» бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттахид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон доир шуд.
Ҳадаф аз баргузории конфронсро масъулин тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ маънидод намуданд. Дар кори конфронс намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ўзбекистон, инчунин коршиносони байналмилалии самти муқовимат ба коррупсия ширкат варзиданд. Дар рафти он байни иштирокчиён вобаста ба поктинатӣ дар хизмати давлатӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили санҷиши поктинатии хизматчиёни давлатӣ ва таҷрибаҳои пешкадами давлатҳои минтақа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Саддам Давлатзода