Муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ баҳри фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омодагиҳои хуб гирифтанд.
Дар кисми зиёди муассисаи таълими ноҳия ҳарорати гармии синфхонаҳо тариқи системаи ягонаи гармидиҳӣ муътадил нигоҳ дошта мешаванд. Аз ҷумла, МТМУ №7-и ба номи Муҳаббатшо Рӯзадорови ноҳияи Рӯшон, ки дорои 14 синфхона, 5 кабинети фаннӣ, толори маҷлис, толори варзиш ва ошхона мебошад, ҳамаи онҳо тариқи шабакаи ягонаи гармидиҳӣ бо гармӣ таъмин мегарданд.
Тибқи иттилоъ, дар муассиса аз соли гузашта наздики 10 тонна захираи ангиштсанг боқӣ монд, ки соли равон истифода мегардад.
Абдураҳмон Ҳасанов