Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишӣ сайёҳӣ аз намуди роҳгардии Шимолӣ, ки аз 6-ум то 9 – уми октябр дар шаҳри Йшкар-Олаи Ҷумҳурии Марий Эл баргузор гардид, варзишгарони тоҷик 8 медал, аз ҷумла 6 медали биринҷӣ ва 2 медали нуқра ба даст оварданд ва аз рӯи натиҷагирии умумӣ онҳо дар миёни 11 давлат ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳӣ аз намуди роҳгардии Шимолӣ аз тарафи Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ва бо сарпарастии ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ таъмин карда шуд. Иштирок ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудани варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳӣ аз намуди роҳгардии Шимолӣ боис бар он мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ бештар муаррифӣ гардад.
Расм: marimedia.ru