Баргузории барномаи консертии «Шоми фалак»

Бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки фалаксароёни маҳбуби кишвар барномаи консертии «Шоми фалак» баргузор гардид.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир гардид. Барномаи рангини консертии «Шоми фалак» дар иҷрои ҳунармандони ансамбли «Фалак»-и ба номи Одина Ҳошимов пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар чорабинӣ роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, роҳбарони як қатор муассисаҳои олӣ ва аҳли фарҳангу санъат иштирок намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар Тоҷикистон 17 сол инҷониб Рӯзи фалак бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин санъати мондагори мусиқии халқи тоҷик имрӯз ба феҳристи Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст, ки фарҳангпарвару санъатдӯст будани мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Зуҳурова Омина