8 октябр дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шароити бунёди лоиҳаи CASA-1000» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.
Иброз гардид, ки лоиҳаи CASA-1000 бо ташаббуси мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Онҳо талош доранд, ки мушкилоти муайянро ҳал намуда, неруи «сабз»-ро дар минтақа фароҳам созанд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар истеҳсоли неруи «сабз» дар Авруосиё арзёбӣ гардидааст.
Дар ҳамоиш дар мавзуи «Рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шароити бунёди лоиҳаи CASA-1000» маъруза шунида шуд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон