Хонандаи литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Левакант ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ гардид

Хонандаи Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Дилшод Мамедов дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок намуда, дар номинатсияи «Сарояндагӣ» дар жанри эстрадӣ сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз ҷониби кумитаи тадорукоти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Дилшод Мамедов бо Диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсади асосии ин озмун эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, инчунин интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.