Ба ифтихори 100-солагии аввалин ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Дар ҷомеаи башарӣ онҳое, мондагор мегарданд, ки воқеан дар рушди ин ё он соҳа нақши бориз доранду бо сабку услуби хосаи худ барои ояндагон чизе боқӣ мондаанд ва имрӯзиён аз самари кори онҳо васеъ истифода менамоянд.

Ҳамингуна як шахсияти барҷастаи соҳаи илму маориф Мунзифа Ғаффорова аст, ки дар замони худ содиқонаву софдилана хизмат карда, барои рушду инкишофи соҳаи маориф ва илми фалсафа нақши бориз гузоштааст.

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиши имлмӣ – амалӣ бо унвони “масоили мубрами фалсафаи муосир” бахшида ба эҷодиёти ин шахсияти дурахшони илми фалсафа доир шуд.

Гуфта шуд, ки Мунзифа Ғаффорова аз ҷумлаи нахуст занҳоест, ки дар Осиёи Миёна аввалин шуда, рисолаи доктории худро аз руи равияи илми фалсафа дифоъ кардааст, ки ин барои миллати мо мояи ифтихор ва сарфарозӣ аст. Мавсуф, солҳои 1974-1979 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият карда, аввалин ректори ин муаасиса дониста мешавад.  Омӯзгор, Ходими намоёни давлатӣ-Мунзифа Ғаффорова муаллифи зиёда аз 200 кори илмӣ ва илмию методӣ, монография, китобҳои дарсӣ ва мақолаҳо мебошад.

Саддам Давлатзода