Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Иброз гардид, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳим барои муаррифии косибон ва ҳунармандони тоҷик, беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани духтарону занони мамлакат мебошад.
Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон пайваста рушд менамоянд. Эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026- Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд. Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад.
Занону духтарони ноҳия ҳунарҳои дастӣ, аз қабили қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чодардӯзӣ, шероздӯзӣ, пахтазанӣ ва кӯрпачадӯзӣ, омода намудани таом ва анвои нонҳои миллиро ба намоиш гузошта, ба ҷавондухтарон ва меҳмонон оид ба бархе ҳунарҳои мардумӣ маълумот доданд.
Инчунин пас аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо аҳли ҷамоати ноҳияи Сангвор вохӯрӣ баргузор гардид. Ҳифз ва нигаҳдошти фарҳанги миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, самаранок истифода бурдани грантҳои президентӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба таҳсил фаро гирифтан ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа аз масъалаҳое буданд, ки дар ин вохӯрӣ баррасӣ шуданд.
«Агар имрӯз ҳар яки мо дар фаъолияти худ масъулияти ҷиддӣ ҳис намоем, ҷомеа низ ба пешравиҳои бештар ноил мегардад. Зеро рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба фаъолияти кории мо вобаста аст», — таъкид гардид дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати ноҳияи Сангвор.
Инчунин бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида вохӯрӣ баргузор гардид.
Иброз шуд, ки ҳамасола дар ҳудуди Тоҷикистон офатҳои гуногуни табиӣ рух медиҳанд. Дар ҳама ҳолат роҳбарияти олии мамлакат ва масъулин пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба зарардидагон сари вақт кумак расонанд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони хонаҳои навбунёд барои зарардидагони офати табиӣ дар ин ноҳия идома дошта, онҳо дар муҳлати муайянгардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон