7 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Лаҳистон дар сатҳи сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва муовини мудири департаменти Шарқии Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон Марек Тсалка доир гардид.
Дар машваратҳо ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистонро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳими дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, саноат, тандурустӣ, логистика, илму маориф ва амниятӣ табодули афкор анҷом доданд.
Дар марҳилаҳои навбатӣ бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва инчунин захираҳои фаровони нерӯи сабзи Тоҷикистон ҷиҳати танзими ҳамоиши иқтисодӣ барои доираҳои ҳавасманди лаҳистонӣ тавофуқ ҳосил гардид.
Тарафҳо инчунин масоили мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Манбаъ: mfa.tj