Миллати тоҷик ҷашну маросим ва ойину суннатҳои маъруф ва оламшумули зиёд дорад. Яке аз онҳо ҷашни Меҳргон мебошад. Ин матлаб 28 сентябр дар шаҳри Ҳамбург зимни таҷлили ҷашни Меҳргон баён гардид.
Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш бо ташаббуси Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург, Шлезвиг-Ҳолштайни ва ҷамъиятҳои ҳамзабонон дар ин шаҳр баргузор гардид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов оид ба ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон ва нақши ин ойини тоҷикон ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ сухан гуфт.
Сафир иброз дошт, ки Меҳргон ҷашне аст, ки бар асоси қонунҳои табиат ва ҷамъоварии ҳосили кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон