Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон барои гиромидошти арзишҳои миллӣ ва пос доштани симои дурахшони маънавии миллат дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисон ва донишҷӯёни фаъоли чанд муассисаи олии мамлакат таҳти унвони «Либоси миллӣ – симои миллат» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ байни иштирокчиён ва донишҷӯдухтарон ташаббуси омӯзишии «Либоси миллӣ-шинохти миллат» доир гардид, ки тавассути буклетҳои иттилоотӣ ба ҷавонон моҳияти либоси миллӣ ва арзишҳои фарҳангии миллат тавзеҳ дода шуд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни мо дар мушкилтарин даврони таърихӣ низ ҳамеша симои дурахшони маънавияшро нигоҳ доштааст. Кӯшишҳои истилогарону барбарон ҳам натавонист ин симоро аз байн бубарад ва ё коста гардонад. Яке аз инҳо либоси миллӣ аст, ки дар баробари забонамон моро то имрӯз зинда нигоҳ доштааст ва миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Либоси миллии тоҷикон на бо як ранги сиёҳ ё сапед, балки бо ҳазорон ранг зебоии худро нишон медиҳад.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони фаъоли назди кумита чанд намуд либоси миллии занонаву мардона намоиш дода шуд, ки ба иштирокчиён таассуроти нек бахшид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон