ОЗМУНИ АКСИ БЕҲТАРИН БО УНВОНИ “САРЗАМИНИ МАН”

Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни акси беҳтарин “Сарзамини ман”-ро дар мавзӯи “Зимистони Тоҷикистон”  идома медиҳад.

Агар Шумо зебоиҳои Тоҷикистонро дар фасли зимистон моҳирона акс гирифтаед, пас, ин озмун барои Шумост.

Дар озмун ҳама хоҳишмандон новобаста аз синну сол ва касбу кор ширкат варзида метавонанд.

Талабот барои иштирокчиён:

–  Акс бояд аз шаҳр, деҳот, маҳалла, кӯча, маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, табиат, олами набототу ҳайвонот ва ғайра гирифта шавад:

–  Акси равонгардида зебо, босифат ва ҷолиб бошад;

–  Макон ва замони гирифтани акс ҳатман ишора шавад;

–  Вобаста ба ҳар як акс шарҳ пешниҳод гардад (барои мисол, мавзеи ҷойгиршавӣ, таърих, ҷиҳатҳои ҷолиби объекти аксгирифташуда ва ғайра);

–  Ному насаби аксгиранда, ҷои истиқомат ва синну сол ҳатман ишора шавад;

Ғолибони озмун аз рӯи 3 бахш баҳогузорӣ ва муайян мешаванд:

–  Аз рӯи баҳогузории доварони озмун;

–  Аз рӯи шумораи зиёди тамошобин дар саҳифаҳои иҷтимоии шабака;

–  Аз рӯи шумораи зиёди тамошобин дар сомонаи Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”;

Муҳлати пешниҳоди аксҳо то 28-уми феврали  соли равон.

Муаллифон метавонанд аксҳои худро тавассути почтаи электронии  tv.sayohi@gmail.com  ва ба воситаи Ватсап ва Телеграмм бо рақами 98 853 52 57  равон намоянд.

Ғолибонро мукофотҳои пулӣ интизор аст.

Маълумоти бештарро бо рақами  телефони 225 20 26 дастрас намоед.