Имрӯз солгарди таъсиёбии «Телевизиони Тоҷикистон» мебошад. 3 октябри соли 1959 якумин маротиба Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд, ки ин рӯйдоди муҳими фарҳангӣ дар ҳаёти мамлакат буд. Акнун барномаҳои телевизиони тоҷикро тавассути моҳвораи LMI-1 сокинони давлатҳои Осиё ва Аврупо- аз Ҷопон то Фаронса ва як қисми Африқо метавонанд тамошо намоянд.
Аз давраи таъсисёбӣ то ба имрӯз «Телевизиони Тоҷикистон» марҳилаҳои гуногуни рушдро гузашта, имрӯз бо 24 соати пахши барномаҳо бо панҷ забон ва тавассути пахши дақиқияташ баланд – HD дар пурра сохтани фазои иттилоотии мамлакат нақши муносиб мегузорад.
Тавассути «Телевизиони Тоҷикистон» дар рӯзҳои аввал то якуним соат барномаҳо пахш карда мешуд. То охири соли 1960 ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд.
2 феврали соли 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба фаъолият оғоз кард ва аз 1 июли ҳамон сол пахши намоишҳо ҳамарӯза гардид.
Имрӯз «Телевизиони Тоҷикистон» чун яке аз расонаҳои тарғибгари давлату ҳукумат фаъолияти босамар дошта, ҳамарӯза дастовардҳои Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Дар шабакаҳои телевизионии мамлакат имрӯз тамоми минтақаҳои сайёҳии мамлакат, дастовардҳои олимони тоҷик, пешравиҳои ҷавонони мамлакат дар соҳаҳои гуногун ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик тарғибу ташвиқ мегарданд, ки яке аз роҳҳои хуби муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Бо тақозои замон телевизиони тоҷик ба техникаи нави рақамӣ гузашта, барномаҳо тавассути техникаи муосир танзим ва пахш карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»